Коршиноси масоили сиёсӣ Зубайдулло Давлатов ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистонро маҳкум сохт
«Вақтҳои охир дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаҳои ҳарбӣ тез-тез рух медиҳанд. Ҳамаи аҳли ҷамоати Тоҷикистон, зиёиён, шаҳрвандони касбу кори гуногун ин амалиёти аҳдшиканонаи тарафи Қирғизистонро маҳкум мекунанд. Зимни вохӯрӣ дар ҳошияи нишасти СҲШ дар шаҳри Самарқанди Узбекистон сарони ду ҷониб ба хулосае омаданд, ки комиссияи доимӣ оид ба аломатгузории сарҳад кори худро ҷоннок кунад, комиссияи топографӣ амалашро тезонад ва масъалаҳои сарҳадӣ ҳарчи зудтар ҳалли худро ёбанд»,- гуфт сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Зубайдулло ДАВЛАТОВ дар робита ба ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон.
Ба таъкиди З. Давлатов, қарор шуда буд, ки дар ҳамин вохӯрии СҲШ оташбас эълон карда шавад, аммо мутаассифона, баъди баргаштан аз нишасти Самарқанд низ ин оташбас риоя нагардид. Аз тарафи Қирғизистон деҳаҳои Тоҷикистон гулӯлаборон гардиданд, ки дар натиҷа одамони зиёде талаф ёфта, маҷрӯҳ шуданд. Ҳатто дар худи Қирғизистон ҳам қисми зиёди аҳолӣ тарафдори ин гуна муносибат миёни ду давлат нестанд
«Масъалае, ки ҳоло ба миён омадааст, бисёр ҷиддист. Зеро хатти сарҳади ҳанӯз аломатгузорӣ нашуда миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда аз 500 километрро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ дар инҷо минтақаҳои баҳсӣ вуҷуд доранд. Ин минтақаҳои баҳсӣ дар наздикиҳои марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурув ва шаҳри Исфараи вилояти Суғд мавҷуданд. То ин дам дар ин масъала чандин гуфтушунидҳо сурат гирифтанд ва ҳар бор бо ташаббусу дастгириҳои дуҷониба ин масъала ҳалли худро меёфт. Умедворем, ки ақли солим боло мегирад ва мушкилоти сарҳадӣ бо роҳи гуфтушунид ҳал карда шуда, мавзеи боқимондаи сарҳад дар муддати кӯтоҳ аломатгузорӣ мешавад», — тазаккур дод ӯ.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад буда, солҳост, ки ҳамсоягӣ дорад ва агар ҳамсоягии мо ҳамин гуна бо ташкили ҷангҳои таҳмилшуда ва вайрон намудани созишномаҳои мусолиҳатомез давом кардан гирад, ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои Қирғизистон зарари калони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таъсири калони сиёсӣ дар пай хоҳад дошт. Набояд фаромӯш кард, ки оқибати ҳама гуна ҷанг сулҳ аст.