Аз 5 то 7 июн дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал доир мешавад

Аз 5 то 7 июни соли равон дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал /ФБНА/ ва Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ФБНА иттилоъ медиҳад.

Дар конфронс намояндагон аз давлатҳои муассиси ФБНА, сиёсатмадорон, коршиносон, олимон, сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок менамоянд.

Кумитаи иҷроияи ФБНА бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз созмондиҳандагони конфронси байналмилалӣ маҳсуб меёбанд. Дар доираи конфронс баргузории ҷаласаи Шӯрои ФБНА ва ҷаласаи чоруми Платформаи ҳамоҳангсозии Кумитаи иҷроияи ФБНА бо шарикони байналмилалии рушд дар назар аст.

Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» ҷаласаҳои пленарӣ дар мавзуъҳои «Дастовардҳо ва таҳаввулоти асосӣ дар тӯли 30 соли охир ва диди стратегӣ барои ояндаи ФБНА, муколама байни ҳавзаҳо, байни давлат ва бахши хусусӣ баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ ва фаъолияти ФБНА баррасӣ хоҳанд гардид.

Интизор меравад, ки иштирокдорони конфронси байналмилалӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва иншооти бузурги обии Тоҷикистон -НБО «Норак» ва «Қалъаи Ҳисор» боздид намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст ва соли равон аз фаъолияти он 30 сол сипарӣ гардид. Муассисони фонд Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE