Китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» Пешвои миллат дар озмуни байналмилалӣ ғолиб гардид
Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия натиҷаи озмуни 7-уми байналмилалии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Санъати китоб», ки аз ҷониби Шӯрои байнидавлатии ҳамкорӣ бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, паҳнкунии китоб ва полиграфӣ ташкил карда шуда буд, эълон гардид.
Дар озмун 155 асар аз 11 давлат, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина ва Эстония пешниҳод шуд.
Китоби Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», ки аз ҷониби Муассисаи табъу нашри «Ирфон»-и шаҳри Душанбе соли 2006 ба чоп расидааст, дар номинатсияи «Илм ва ҳаёт» ғолиби озмун эълон карда шуд.