Сайид Иброҳим Раисӣ: «Мо шоҳиди саҳифаҳои нави ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон хоҳем шуд»

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ дар барқияи шодбошии худ ба муносибати зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки равобити дӯстона ва бародаронаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари робитаҳои амиқи фарҳангӣ, таърихӣ, тамаддунӣ ва забонӣ қарор доранд.

«Умедворем, ки бо идомаи мулоқоти намояндагони ду кишвар ва баргузории вохӯриҳои муштарак мо шоҳиди саҳифаҳои нави ҳамкорӣ бо мақсади таъмини манфиатҳои дуҷонибаи судманд ва таҳкими амнияту суботи минтақа хоҳем буд. Аз даргоҳи Худованди мутаъол ба Ҷаноби Олӣ саломатӣ ва комёбӣ, барои мардуми Тоҷикистон рӯзгори пурбаракат ва шукуфоӣ мехоҳам»,- гуфта шудааст дар барқияи шодбошӣ.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE