ДАР ДУШАНБЕ ҶОМИ САФИРИ КОРЕЯ ОИД БА ТАЕКВОНДО ДОИР МЕШАВАД

8-9 октябр дар шаҳри Душанбе 1-ум мусобиқа оид ба таеквондо – “Ҷоми Сафири Корея” баргузор мешавад.

Дар мусобиқа варзишгарони дорои камарбанди сурх (дараҷаҳои 1, 2 ва 3) иштирок карда метавонанд. Ширкаткунандагон аз рӯи сол ба 4 гурӯҳ тақсим мешаванд. Ҳамагӣ зиёда аз 500 варзишгар дар сабқатҳои инфиродӣ ва даставӣ маҳорати худро нишон медиҳанд.

Мусобиқа ба муносибати 30-солагии истиқрори равобити дипломатии Корея ва Тоҷикистон, рушди варзиши таеквондо ва ҷалби наврасону ҷавонон ба ин намуди олимпии варзиш доир карда мешавад.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа, ки 9 октябр, соати 17:00 баргузор мешавад, сафири Корея Квон Донгсок, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло иштирок менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE