Татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли, коршиносони бонки мазкур Чарлз Харпи ва Анелия Мюллер масъалаи татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни вохӯрӣ Завқӣ Завқизода ба Озан Севименлӣ барои ҳамкории мутақобилан судманд вобаста ба рушди иқтисоди миллӣ ва саҳмгузорӣ дар амалӣ намудани ҳадафу афзалияти кишвар минатдорӣ баён намуд.
Ҷонибҳо ҳамкории дутарафаро ҷиҳати мусоидат ба маблағгузории ҳадафҳои стратегии кишвар ва тадбирҳои дар нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ пешбинишуда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022 тасдиқ шудааст, инчунин татбиқи стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушди Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
З. Завқизода аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дархост намуд, ки маблағгузорӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллиро бо назардошти пешгирӣ ва кам кардани таъсири буҳронҳои ҷаҳонӣ ва тағйирёбии иқлим зиёд намоянд.