ЯРМАРКАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «SLOW FOOD». Захираҳои табиӣ ва экологии Тоҷикистон дар он муаррифӣ ва тарғиб шуданд

Захираҳои табиӣ ва экологии Тоҷикистон дар ярмаркаи байналмилалии «SLOW FOOD» (ғизои солим), ки дар шаҳри Турини Италия  баргузор гардид, муаррифӣ шуданд.

Дар доираи ярмарка барои тарғибу ташвиқи масъалаҳои экологӣ, сайёҳӣ ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ зиёда аз 200 варақаҳои таблиғотӣ дар намоишгоҳ тақсим карда шуданд.

Дар ярмаркаи байналмилалии «SLOW FOOD» дар радифи сад кишвари дунё Тоҷикистонро мутахассиси ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Қутбиддин Раҷабов намояндагӣ намуд.

Ҳадафи ярмаркаи байналмилалии «SLOW FOOD»- тарғиби ғизои солими аз лиҳози экологӣ тоза ва дар ин замина таҳкими дӯстии халқҳо ҷиҳати дастгирии сайёҳии экологӣ мебошад.

Дар ярмаркаи  байналмилалии «SLOW FOOD»  намояндагони сад давлати дунё  дар гӯшаҳои махсус иқтидорҳои бою табиию экологии кишварҳояшонро ба маъраз гузоштанд.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ярмаркаи байналмилалии «SLOW FOOD» мавзеъҳои сайёҳӣ, паркҳои миллӣ, ёдгориҳои табиӣ ва рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дараи Қаратоғ оид ба ҳифз ва истифодаи устувори намуди «Шоҳ-моҳӣ» — гулмоҳии амударёии нодире, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 шомил шудааст, пешниҳод гардиданд.

Ин иқдом барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE