Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таҳти унвони “Рози Фалак” ҳамоиш доир шуд
Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» таҳти унвони «Рози Фалак» бахшида ба Рӯзи Фалак ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён, кормандон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Зимни ҳамоиш ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ перомуни таърихи пайдоиши ин мусиқии нодири мардумӣ, ривоҷу равнақи он дар даврони соҳибистиқлолӣ ва шаклҳои мухталифи фалак баёни андеша намуд.
Фалак ҷузъи бостонии фарҳанги тоҷикон буда, чун жанри мусиқии суннатӣ аз замонҳои хеле куҳан вуҷуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусияти тоза касб намуд. Маҳфуми фалак ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардун, гардиши рӯзгор, сарнавишт ва амсоли инҳо мебошад. Аз ин лиҳоз, имрӯз жанри мусиқии фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷилову садои дилнишин танинандоз гардидааст.
Ректори донишкада ёдовар шуд, ки пайдоиши фалак аз минтақаи ҷанубу ғарбии кӯҳистони Тоҷикистон сарчашма мегирад. Бо мурури замон шаклҳои нави он, аз қабили фалаки даштӣ, фалаки роғӣ, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ, фалаки равона, фалаки ғарибӣ пайдо шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо бо зарбу усул ва оҳанг аз якдигар фарқ мекунанд. Асоси пайдоиш ва тавлиди ин фалакҳо аз мақоми фалаки роғӣ сарчашма гирифта, то ба даврони мо омада расидаанд.
Зикр шуд, ки фалак солҳои 20-уми қарни гузашта дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар ҳамбастагӣ рушд менамуд. Ин аст, ки имрӯз дар матн ва мусиқии он баъзе ҳамоҳангиҳо ба мушоҳида мерасанд.