ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар қаламрави Тоҷикистон 50,2 фоизро ташкил дод

Аз 1-уми октябри соли равон, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 3-юми сентябри соли 2022, “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад.

Ба иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат, полковник Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА тайи даҳ рӯзи аввали даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ нақша 50,2% иҷро шуда, аввалин шуда, шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд. Сардори Маркази матбуоти вазорати мудофиаи мамлакат ҳамчунин афзуд, ки тайи даҳаи аввали моҳи октябр навоҳии Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвору Лахш ва шаҳри Ҳисор низ нақшаро пурра иҷро карда, дар умум иҷрои даъват ба Артиши миллӣ дар Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ба 62% баробар шудааст. Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи даъватӣ дар вилояти Хатлон аст, ки иҷрои нақша дар ин вилоят 51 фоизро ташкил дода, дар ин замина ноҳияҳои Данғараву Вахш аллакай даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расонидаанд. Бояд зикр намуд, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони синни 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим ҷараён гирифта, даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Қурбоной Муқимова

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE