Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон сафар намуд

Имрӯз Муовини раиси девони вазирон – вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ба ноҳияи Дӯстии вилояти хатлон сафар намуд. Тавре дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии раиси вилояти Хутлон ба Радиои Тоҷикистон хабар доданд, номбурдаро роҳбарияти вилоят ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Ҳайати меҳмонон аз лоиҳаи ангоравии сохтмонии МТМУ №8 барои 540 ҷой нишаст дар деҳаи Ғаллаободӣ Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл дидан намуданд.
Иттиллоъ дода шуд, ки сохтмонии МТМУ №8 барои 540 ҷой нишаст дар деҳаи Ғаллаободӣ Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркманистон ба нақша гирифта шуда, аз ҷониби кишвари дӯсти Туркманистон сохта мешавад. Бинои муассисаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар назар аст, ки бо истифода аз шароитҳои муосири илмомӯзӣ ва муҷҷаҳаз бо синфхонаҳои барҳаво мавриди истифода қарор дода шавад.
Масъулини раёсати маорифи вилоят иттилоъ доданд, ки дар вилояти Хатлон ҷамъияти туркманҳо фаъолият мекунад ва дар ҳудуди вилоят 6 муассисаи таълимии тоҷикӣ-туркманӣ мавҷуд аст, ки фарзандони оилаҳои туркмантабор метавонанд бо забони туркманӣ таҳсил намоянд. Дар идомаи боздид ҳамчун рамзи эҳтиром ва дӯстию рафоқат раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва Рашид Мередов дар раванди оғози кишти пахта дар хочагии деҳқонии Эргаш Султонов иштирок намуданд.
Сипас дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ вохурии Муовини раиси девони вазирон – вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов бо сокинони туркментабори ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардид. Гуфта шуд, ки тайи солҳои охир ҳамкории ду кишвари дӯст ба таври фаъол рушд ёфта, имрӯзҳо бемайлон мустаҳкам гашта истодааст. Муовини раиси девони вазирон- вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов иброз дошт, ки анъанаҳои дӯстӣ, рафоқат, бародарӣ ва ҳамкории созандаи мардумони Тоҷикистон ва Туркманистон решаҳои бисёрасра доранд. Дар фарҷоми мулоқот чанд тан аз сокинони ноҳияи Дӯстӣ суханронӣ намуда аз шароити хуби фароҳамовардаи зисту зиндагонияшон ёдовар шуданд.

Каримов Нуралӣ

Радиои Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE