Имрӯз 2 бозии ба таъхир афтодаи Лигаи Олӣ баргузор мегарданд
Имрӯз, 19-уми октябр дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Бохтар 2 бозии мавқуфгузошташудаи Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол доир мегарданд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба радиои “Садои Душанбе хабар доданд.
Бозии мавқуфгузошташудаи даври 5-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Файзканд” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.
Ҳамчунин, имрӯз дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар бозии мавқуфгузошташудаи даври 10-уми Лигаи олӣ миёни дастаҳои “Хатлон” ва “КМВА” ҳам доир мегардад.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 35 имтиёз пешсаф аст. “Хатлон” бо 27 имтиёз дар зинаи 2-юм мавқеъ гирифтааст. “Файзканд” бо 22 имтиёз дар мавқеи 5-ум ва “КМВА” бо 21 имтиёз дар мавқеи 6-ум мутаносибан ҷойгир шудаанд.