Чорабиниҳои канорӣ дар доираи Конфронси зиддитеррористии Душанбе

18-19 октябри соли 2022 дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» дар Маҷмааи “Кохи Сомон” чорабиниҳои канорӣ бо иштироки коршиносони миллию байналмилалӣ баргузор гардиданд.

Зимни ин чорабиниҳо дастовардҳо дар самти идоракунии самараноки сарҳад ва роҳҳои имконпазири бунёди иқтидори фаннӣ ва технологии амнияти сарҳадот ва мубориза бо терроризм, инчунин аҳамияти таҳкими ҳамкорӣ дар самти пешгирии ҳаракати террористҳо, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аслиҳа ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ баррасӣ шуданд.

Дар муҳокимарониҳо дар қатори шарикони байналмилалӣ мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуда, ба раванди татбиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025 ва корҳои анҷомдодаи кишвар дар ин самт тамаркуз карданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE