Пешвои миллат дар шаҳри Кӯлоб бинои баландошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор доданд

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр бинои баландошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Бобохон Насимов дар муддати се сол ҷавобгӯ ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир бунёд гардидааст.

Бино аз нуҳ ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум маркази савдою хизматрасонӣ ва дар ҳашт ошёнаи дигар 40 ҳуҷра бунёд гардидааст.

Иншоот дар асоси лоиҳаи омоданамудаи ҶДММ “Идриси Ҷаҳон” аз ҷониби фармоишгар-пудратчӣ ҶДММ “Насим сохтмон” бо истифода аз масолеҳи хушсифати ватанӣ сохта шудааст.

Вобаста ба талаботи замони муосир, дар қисмати берунии бино таҷҳизоти каммасрафи равшанидиҳанда насб карда шудааст, ки шабонгоҳ бо рангҳои гуногун ба зебогии шаҳр ҳусни дигар зам мекунад. Гирду атроф ва ҳавлии бино пурра сафолакпӯш гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бино 40 оилаи дигар дар маркази шаҳр соҳиби манзили зист гардиданд.

Дар ошёнаи якуми бинои мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 68 нафар ятими кулл аз шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мулоқот намуданд. Зимни мулоқот Президенти мамлакат кӯдакону наврасони ятимро, ки пурра дар таъминоти давлату Ҳукумат мебошанд, ба омӯзиши амиқи илму фан ва касбу кори гуногун ҳидоят намуданд.

Барои кӯдакони ятиму бепарастор дастурхони пурнозу неъмат густурда шуда, аз ҷониби Сарвари давлат ба ҳар яки онҳо туҳфаҳо тақдим гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE