Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» иштирок намуд

25 октябр дар шаҳри Бусан Нишасти 15-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид. Дар ин бора дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суханронӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон дидгоҳи кишварро роҷеъ ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, таҳкими ҳамкорӣ ва рушди устувор дар ҳошияи ин абзори муассир баён намуд.

Равобити ҳасана бо Ҷумҳурии Корея, инчунин густариш ва таҳкими мушорикат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун василаи муҳими тақвияти равобити бисёрҷониба таъкид карда шуд.

Дар ҳошияи Форуми ҳамкорӣ панҷ ҷаласаи тахассусӣ дар бахшҳои тандурустӣ, ҳамкории рақамӣ, амнияти иқтисодӣ, сайёҳӣ, муҳити зист ва энергетика дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардиданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш оид ба масоили мубрами рӯзномаи нишаст, рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ ва Нақшаи кории Котиботи Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” барои соли 2023 қабул гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE