Ғолибони Мусобиқаи «Tajikistan Open-2021» муайян шуданд

Аз 31 май то 5 июни  соли равон дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни ҷавонон – «Tajikistan Open-2021» баргузор шуд. Дар мусобиқаи мазкур  95 варзишгар аз 11 кишвар: Англия, Беларус, ИМА, Қазоқистон, Германия, Россия, Словакия, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Аз 7 то 12 июни соли равон  дар шаҳри Душанбе мусобиқаи дуюми байналмилалӣ «Tajikistan Open-2021» баргузор мешавад. Дар  ин бора  аз Федератсияи тенниси Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар қувваозмоиҳои инифродӣ миёни писарон намояндаи Россия Амирҳамза Насриддинов пирӯз шуд. Ӯ дар финал Дэвид Шварс аз Словакияро мағлуб намуд. Миёни духтарон низ намояндаи Россия София Михайлова ғолиб шуд. Ҷои дуюмро Злата Чиннова аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба даст овард.

Дар рақобати ҷуфти писарон — ҷуфти Амирҳамза Насриддинов (Россия) / Иссамҷон Шарифов (Тоҷикистон) ҷои аввал, ҷуфти Ҷош Мануел (Англия) / Дэвид Шварс (Словакия) ҷои дуюмро гирифтанд.

Миёни духтарон ҷуфти Сасинка Виктория (ИМА) / Раиса Петровская (Қазоқистон) мақоми аввал, ҷуфти Сабрина Олимҷонова / Шаҳноза Маримова (Ӯзбекистон) ҷои дуюмро ишғол намуданд.

Ғолибони мусобиқа бо «Диплом» ва «Ифтихорнома»-ҳои Федератсияи тенниси Тоҷикистон сарфароз гардида, мавқеашонро дар радабандии Федератсияи байналмилалии теннис беҳтар карданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE