Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд

Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».Зимни он ғолибон бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок менамоянд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» аз рӯи номинатсияҳои «Боғи беҳтарин», «Гулгашти беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин», «Деҳаи беҳтарин», «Деҳоти беҳтарин», «Шаҳраки беҳтарин», «Ноҳияи беҳтарин» ва «Шаҳри беҳтарин» баргузор гардид.Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки фестивал тибқи Амри Президенти мамлакат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадаф аз он, пеш аз ҳама, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат ва маърифати экологӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.Ҳамин тавр, Боғи ба номи Аҳмади Дониш шаҳри Душанбе дар номинаи «Боғи беҳтарин» сазовори ҷойи якум гардида, Гулгашти назди гардиши Сирки давлатии шаҳри Душанбе дар номинаи «Гулгашти беҳтарин» сазовори ҷойи якум шуд.Дар номинаи «Маҳаллаи беҳтарин» ҷойи якум насиби Маҳаллаи Борбади ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шуда, Деҳаи Қайнари ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ғолиби номинаи «Деҳаи беҳтарин» гардид.Ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросони Вилояти Хатлон дар номаи «Деҳоти беҳтарин» сазовори ҷойи якум гардида, дар номинаи «Шаҳраки беҳтарин» Ҷамоати Сарбанди шаҳри Левакант соҳиби ҷойи якум шуд.Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар номинаи «Ноҳияи беҳтарин» сазовори ҷойи якум гардида, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар номинаи «Шаҳри беҳтарин» соҳиби ҷойи якум шудШаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» гардид.

Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам.Дар ин китоб Садриддин Айнӣ дар шарҳи «Сайри гули сурх» чунин овардаанд: «Сайре буд, ки ҳар сол дар сари мазори Баҳовуддини Нақшбанд, ки аз шаҳр дар масофати 10 километр дар тарафи шарқ воқеъ шудааст, дар моҳҳои апрел, май- дар аввали шукуфтани гули сурх ташкил мешуд» («Ёддоштҳо»).Имрўз мо бо ифтихор мегӯем, ки ба туфайли заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гулҳои лола бо рангу шаклҳои мухталиф боғу гулгашт, чаману канори хиёбону кӯчаҳо ва боғчаҳои назди ҳавлиҳоро боз ҳам зеботару хушбӯтар гардонидаанд.Ҷашни «Сайри гули лола» солҳои охир дубора эҳё гардид ва инак чанд сол аст, ки бо шукуҳу шаҳомати хосса дар саросари мамлакат таҷлил мегардад. Баргузории озмун ба эҳёи суннатҳои ниёгон, тарғиби ҳисси зебоипарастӣ, ободии муҳити зист, рушди гулпарварӣ, афзун намудани муҳаббат ба табиат, ҷалби сайёҳон ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакати мо мусоидат менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE