Се гӯштингири тоҷик дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузург дар Ҷопон номнавис шудаанд

Дар феҳристи Федератсияи байналмилалии дзюдо барои иштирок дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузург, ки 3-4 декабр дар Ҷопон доир мешавад, 3 гӯштингири тоҷик номнавис шудаанд. Дар ин бора аз Федератсияи байналмилалии дзюдо хабар доданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар ин мусобиқа Нуралӣ Эмомалӣ (то 60 кг) Муҳаммадраҳим Сарахонов (то 73 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (то 81 кг) шомил шудаанд.

Ба иттилои Федератсия, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарони 62 кишвари дунё иштирок менамоянд. Дар маҷмӯъ 365 паҳлавон, аз ҷумла 214 марду 151 зан зӯрозмоӣ хоҳанд кард.

Муқаррар шудааст, ки ғолибони ҳамаи вазнҳои ин мусобиқа 5 ҳазор евро мегиранд. Барандаҳои медалҳои нуқра 3 ҳазор евро ва соҳибони медалҳои биринҷӣ 1,5 ҳазор евроиро соҳиб хоҳанд шуд.

Аммо муҳимтар аз ҳама, дар пайи бурдҳо дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Ҷопон дзюдочиёни Тоҷикистон барои холҳо, ки барои роҳёбӣ ба Олимпиадаи Париж дар соли 2024 заруранд, мубориза мебаранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE