ҲАЙАТИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ БОЗИҲОИ ДӮСТОНА БО ТИМҲОИ МИЛЛИИ АМОРОТИ МУТТАҲИДАИ АРАБ ВА КУВАЙТ

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати мунтахаби кишварро барои бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Амороти Муттаҳидаи Араб (25 март) ва Кувайт (28 март) эълон кард. 

Ба бозиҳои интизор 24 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд.

Рӯзи 22-юми март мунтахаби Тоҷикистон ба Абу-Даби сафар карда, рӯзи 25-уми март бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстона анҷом медиҳад. Мунтахаби мо рақобати санҷишии дуюмашро 28 март дар шаҳри Кувайт бо тими миллии Кувайт анҷом медиҳад.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Амороти Муттаҳидаи Араб (25 март) ва Кувайт (28 март): 

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ханонов («Персеполис», Эрон), Аҳтам Назаров («Андиҷон», Ӯзбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Сиёвуш Асроров, Табрез Исломов, Далер Имомназаров, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама аз «Истиқлол»); 

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Насаф», Ӯзбекистон), Комрон Турсунов (ТРАУ, Ҳиндустон), Салам Ашӯрмамадов («Думиенсе», Португалия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Алиҷони Айнӣ (ҳама аз «Истиқлол»); 

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Зимбру», Молдова), Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»). 

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE