Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардиданд

Имрӯз, 5 декабр дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид. Ҳайатҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Содиқ Имомӣ ва Ермухамбет Конуспаев роҳбарӣ карданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни машваратҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Инчунин атрофи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ табодули афкор анҷом дода шуд.

Таваҷҷуҳи махсус ба омода кардани чорабиниҳои муштарак ба муносибати 30-юмин солгарди барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон зоҳир гардид.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE