Боздиди Раиси вилояти Суғд аз корхонаи ресандагии “Арвис Зелал Текстайл”-и ноҳияи Мастчоҳ
6 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи ресандагии “Арвис Зелал Текстайл”, собиқ корхонаи “Олим-Текстайл”-и ноҳияи Мастчоҳ боздид намуд.
Корхонаи мазкур пас аз васлу насби таҷҳизот ва таҷдиду навсозии хатҳои технологӣ ба фаъолият омода гардида, айни замон қабули коргаронро оғоз намудааст. Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки барои қабули коргарон озмун эълон гардида, занону бонувон ва мутахассисони ҷавон ба кор ҷалб гардида истодаанд.
“Арвис Зелал Текстайл” бо ташаббуси соҳибкорони тоҷику турк ба кор андохта шуда, дар корхона коркарди нахи пахта ба роҳ монда шудааст. Соҳибкорони тоҷику турк ният доранд, ки дар оянда маҳсулоти тайёр низ истеҳсол намуда, ба бозор маҳсулоти таёр пешниҳод созанд.
Дар фабрикаи ресандагӣ мутахассисони ҷавон ба кор қабул карда шуда, аз ҳисоби корхона аз омӯзиш низ мегузаранд. Дар назар аст, ки баробари ба фаъолият оғоз кардан дар марҳилаи аввал 300 нафар бо ҷойи корӣ ва маоши баланд таъмин шаванд.
Раиси вилоят барои ҷалби коргарон ва таъмин намудани сокинон бо ҷойи корӣ ба масъулин супоришҳо дода, изҳор дошт, ки барои коркарди бештари нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бо истифода аз таҷрибаи соҳибкорони турк аз имкониятҳо самаранок истифода бурда шавад.