Варзишгари тоҷик Муҳаммадалӣ Мирзоев дар Чемпионати Осиё оид ба пауэрлифтинг сазовори медали тилло шуд

 Варзишгари тоҷик ва Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Мирзоев дар Чемпионати Осиё оид ба пауэрлифтинг (вазнбардории секарата) дар вазни 120 кг соҳиби медали тилло гардид ва бо бардоштани 194,5 кг вазн (хобида) дар қораи Осиё рекорд гузошт.

Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд, ки аз 1 то 7 декабр дар шаҳри Дубайи Амороти Мутаҳидаи Араб баргузор шуд, ӯ миёни варзишгарони 29 кишвари Осиё сазовори ҷойи аввал шуд.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадалӣ Мирзоев дар намуди пауэрлифтинг Устоди варзиши Тоҷикистон, чемпиони чандинкаратаи ҷумҳурӣ, чемпиони мутлақи ҷумҳурӣ, аввалин чемпиони Осиё оид ба Федератсияи байналмилалии пауэрлифтинг (IPF) дар Тоҷикистон байни наврасон ба ҳисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки Муҳаммадалӣ Мирзоеви 23-сола дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон, ҷавонон ва наврасон, ки 21-29 майи соли равон дар шаҳри Алмато баргузор шуд, байни варзишгарони беш аз 30 кишвари ҷаҳон дар вазни 105 кг сазовори медали нуқра гардида буд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE