РЕЙТИНГИ ФИФА. Тоҷикистон дар кадом мақом аст – далоил ва тафсилот

Дар раддабандии (рейтинги) Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки пас аз Чемпионати ҷаҳон-2022  дар Қатар таҷаддуд ёфтааст, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо 1187 имтиёз  дар  мақоми 108-ум қарор дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба SPORTS.tj.

Дастаи мунтахаби Бразилия дар садри  раддабандӣ қарор дорад. Ҷойи дуюмро Аргентина, сеюмро Фаронса  ишғол мекунанд.

Белгия, ки пештар  дар мақоми дуюм буд, ба зинаи чорум поин рафт.

Дастаи мунтахаби Марокаш аз ҳама нишондоди беҳтарро ба даст овард. Ин мунтахаби африқоӣ аз аввали соли 2022 соҳиби 142 хол шуда, ҳоло ба ҷойи 11-ум баромад.


Рейтинги дастаҳои мунтахаб аз рӯи фарзияи ФИФА:

  1. Бразилия – 1840
  2. Аргентина – 1838
  3. Фаронса – 1823
  4. Белгия – 1781
  5. Англия – 1774
  6. Нидерланд – 1740
  7. Хорватия – 1727
  8. Италия – 1723
  9. Португалия -1702
  10. Испания – 1692
  11. Марокаш – 1672
  12. Швейтсария – 1655
  13. ИМА  – 1652
  14. Олмон – 1646
  15. Мексика – 1635
  16. Уругвай – 1627
  17. Колумбия – 1612
  18. Дания – 1608
  19. Сенегал – 1603
  20. Ҷопон – 1593.

Давлатҳои собиқ ИҶШС:

  1. Украина – 1536
  2. Россия – 1491
  3. Узбекистон – 1312
  4. Гурҷистон – 1305
  5. Арманистон – 1233
  6. Қирғизистон – 1231
  7. Беларус – 1221
  8. Тоҷикистон – 1187
  9. Эстония – 1186
  10. Қазоқистон – 1163
  11. Озарбойҷон  – 1151
  12. Латвия – 1116
  13. Туркманистон – 1100
  14. Литва – 1069
  15. Молдова – 958.

Нишондиҳандаи беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонӣ моҳи июли соли 2013 ба даст омада буд: дастаи мунтахаби кишвар  он вақт мақоми 106-умро касб карда буд. Имсол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тавонист аз рӯи 40 банд боло равад. Аз рӯи натиҷаҳои раддабандии моҳона дастаи мунтахаби кишвар натиҷаи пасттаринро соли 2003 (ҷои 180-ум) нишон дода буд. Пасттарин нишондиҳандаи солона ба ҳисоби миёна соли 2002 (миёни 207 дастаи ҷои 168-ум) ба қайд гирифта шудааст.

Акс: FIFA

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE