Дар Хоруғ намоиш-фурӯши чорвои шохдори калон ва моли майда ташкил шуд
Дар бозори 20 ‐ солагии Истиқлолияти шаҳри Хоруғ намоиш-фурӯши чорвои шохдори калон ва моли майда ташкил карда шуд. Дар ин бора ба аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Иқдоми мазкур бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии сокинони кишвар ба маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо супориши Раиси вилоят Алишер Мирзонабот роҳандозӣ гардид.
Дар намоиши мазкур чорводорони шаҳру ноҳияҳои вилоят моли майда, аз қабили бузу гӯсфанд, мурғ, мурғи марҷон ва ҳайвони шохдори калонро бо нархи дастрас ба мизоҷон пешниҳод намуданд.
Раиси вилоят бо изҳори қаноатмандӣ аз ташкили намоиши мазкур ба шахсони мутасаддӣ супориш дод, ки кушодани қассобхона ва ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти гӯштиро таъмин намоянд.