Раванди зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода

Ҷиҳати иҷрои қарори  ҳукумати кишвар “Дар бораи омода намудани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои  фаъолияти мунтазам ва самарабахш  дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” муассисаҳои таълимии деҳоти шаҳри Турсунзода бо маводисӯхт таъмин гардида, қаблан аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаанд.  Ба гуфтаи Сайёҳат Шодиева  директори МТМУ№59-и шаҳри мазкур, раванди зимистонгузаронӣ  дар ин муассиса хуб идома дошта хонадагон дар синфхонаҳои мусоид ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ба маълумоти шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода дар баробари фароҳам будани  хатти барқи доимӣ, муасисаҳои таълимии деҳоти он  бо генераторҳо низ таъмин гардидаанд, ки дар сурати зарурат аз он истифода менамоянд. Дар муассисаҳои таълимии марказии шахр ва деҳоти дурдаст имрӯз раванди зимистонгузаронӣ хуб ҷараён дошта, фаъолияти ин муассисаҳо таҳти назорати ҷиддии ситоди зимистонгузаронии макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қарор дорад. Масъулин бар он мутмаъинанд, ки бо андешидани тадбирҳои зарурӣ мавсими зимистони имсоларо маорифчиён бе ягон мушкили паси сар хохад намуд.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE