Медали нуқраи Фирӯз Мирзораҷабов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини юнонӣ-римӣ дар Қазоқистон

Варзишгари тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини юнонӣ-римӣ ба хотираи Жаксилик Ушкемпиров миёни ҷавонони то 20-сола, ки дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор шуд, сазовори медали нуқра гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар мусобиқаи мазкур беш аз 300 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон, ҳамчунин варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Эрон ширкат карданд.

Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 60кг дар даври аввал озод буд. Сипас ӯ дар се давр бар ҳарифонаш пирӯз шуд, вале дар финал аз варзишгари кишвари мизбон мағлуб гардида, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Мавриди зикр аст, ки 4 варзишгари дигарим тоҷик Сиёвуш Ачилов (63кг), Шероз Очилов (72кг), Султон Саидзода (72кг) ва Русланҷони Рустамҷон (82кг) дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.

Дар доираи мусобиқа курси омӯзишии Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин (UWW) барои доварон баргузор шуд, ки дар он Фаррухрӯз Раҳмонов ва Ҷаҳонгир Аланазаров ширкат карданд ва баъд аз натиҷагирӣ, сазовори сертификати довари дараҷаи байналмилалӣ хоҳанд шуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE