Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Кувайт оид ба масъалаҳои байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
6 феврали соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдулазиз Сауд ал-Ҷоруллоҳ доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, инчунин иштироки ҷониби кувайтӣ дар 3-юмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028, ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.