Масъалаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ва сил барои давраи солҳои 2024-2026 баррасӣ шуд
20 декабр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи тақсим намудани маблағҳое, ки аз ҷониби Хазинаи глобалӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ва сил барои давраи солҳои 2024-2026 ҷудо карда мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.
Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва аъзои Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ доир шуд.
Ҳамчунин дар ҷаласа ҳисоботи намояндагони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷараёни амалишавии Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ҳисоботи намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷараёни амалишавии «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баррасӣ гардиданд.
Инчунин лоиҳаи нақшаҳои кории Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва Комиссияи назорати назди Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 муҳокима шуд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ