Норак: Аҳолӣ эм карда мешаванд

Ҷиҳати сари вақт пешгирӣ намудан аз бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 дар шаҳри Норак аввалин шуда кормандони Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» аз ваксинаи «Мoderna» ба таври пурра истифода намуданд.

Тавре ҳамшираи тибби НБО «Норак» Моҳбону Раҳмонова гуфт, ки дар ин ду неругоҳҳои бузурги Тоҷикистон аз рӯзи пайдо шудани ин бемории оламгир  қоидаҳои беҳдоштӣ пурра риоя мешаванду кормандони неругоҳ аз маҳлулҳои безараргардонию ниқоб истифода мебаранд. Хушбахтона бо ворид гаштани вояҳои ваксинаи «Мoderna» ба шаҳри Норак баҳри пешгирии ин беморӣ  ҳамаи кормандони ин неругоҳҳо бо хоҳиши худашон эмгузаронӣ шуданд.

Роҳбари Маркази саломатии шаҳри Норак Тағойбек  Қаҳҳорзода иброз дошт, ки барои пешгирии бемории COVID-19 то дирӯз дар 20 нуқтаҳои эмгузаронии маркази саломатии шаҳр ва бунгоҳҳои тиббию марказҳои саломатии деҳот зиёда аз 8156 нафар кормандони корхонаю ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон эмгузаронӣ шуданд, ки 21 фоизи аҳолиро ташкил медиҳад.

Дар ин маърака кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳамаи кормандони соҳаи тандурустии ноҳия сафарбар гардида, ба аҳолии  шаҳр  моҳияти  истифодаи  ваксинаро  дар пешгирии бемории коронавирус ва фоидаҳои онро ба саломатии инсон фаҳмониданд. Мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак Сарвиноз Саидмуродова изҳор намуд, ки дар рӯзҳои аввал мардуми шаҳр ба эмгузаронӣ нисбати пешгирии ин бемории аср кам аҳамият медоданд. Вале пас аз гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум ва корхонаю идораҳо, айни замон барои гирифтани ваксина дар баъзе нуқтаҳои эмгузаронӣ сокинони шаҳр дар навбат истодаанд, ки ин  амал фарҳанги баланди сокинони шаҳрро нишон медиҳад.

Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр Ҷомаҳмад Ҷамилов мегӯяд, ки бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 аз тарафи Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду давраи эмгузаронӣ вояҳои ваксинаҳои «Модерна», «CoronaVaс» ва «AstraZeneca»  ба шаҳри Норак ворид шуд,  ки то дирӯз 21 фоизи аҳолии шаҳр аз қабили кормандони корхонаю ташкилотҳо эмгузаронӣ шуданд. Тарзи истифодаи ин ваксинаҳо ва нигоҳдории онҳо ҳамеша зери назорати доимии мутахассисони мо  қарор дорад. Хушбахтона сокинони шаҳри Норак бо як фарҳанги баланди инсонӣ ихтиёрона омада аз ин ваксинаҳо истифода намуда истодаанд, ки саломатии худ ва наздиконашонро аз ин бемории сироятӣ нигоҳ медоранд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE