Ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт, ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Шайх Холид бин Ҳошил Ал-Мусалҳӣ мулоқот намуд.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

