Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Ҳамин лаҳзаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбати худро, ки фарогири самтҳои асосии соҳаҳои мухталифи кишвар мебошад ба Маҷлиси Олӣ ироа намуда истодаанд.
Дар ин маросим, ки дар «Кохи Сомон» баргузор гардида истодааст, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, Сарвазир ва муовинони ӯ, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва сохторҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, раисони вилоятҳо, намояндагони якчанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корпуси дипломатӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигарон иштирок карда истодаанд. Хотирасон мешавем, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пахш гардида истодааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE