Лигаи қаҳрамонҳо: “Челси” ва “ПСЖ” ба даври ½ финали роҳ ёфтанд
Шоми сипаришуда дидорҳои ҷавобии даври чорякниҳоии Лигаи дастаҳои қаҳрамони Аврупо доир шуда, алакай ду даста ба даври ниманиҳоӣ роҳхат гирифтанд. “Бавария” бо пирӯзиаш дар Париж натавонист дастаи “ПСЖ” – ро бартараф намояд. Аммо “Челси” бошад, новобаста ба мағлубият дар бозии ҷавобӣ тавонист иштирокашро дар даври нимфиналии мусобиқа таъмин намояд.
Дар доираи дидорҳои ҷавобии даври чорякниҳоии мусобиқаи Лигаи дастаҳои қаҳрамони Аврупо дастаҳои “ПСЖ”-и Фаронсаву “Бавария” – и Олмон ва “Челси” – и Англияву “Порту” – и Португалия вориди майдони рақобат шуданд. Рақобати дастаҳои “ПСЖ” ва “Бавария” бо мизбонии тими фаронсавӣ дар варзишгоҳи Парк де Пренс доир гардид. Новобаста ба талошу ҳамлаҳои зиёд дар навад дақиқаи бозӣ танҳо як гол ба нишон расонида шуд. Голи ягонаи бозиро пас аз партофти Давид Алаба дар дақиқаи 40- ум ҳуҷумкунандаи камерунитабори бошгоҳи шаҳри Мюнхен Шупо – Мотин ба самар расонид.
Дар идома футболбозони меҳмон идораи бозиро ба даст гирифта, дар назди дарвозаи Кейлор Навас ҳолатҳои хавфнокро ба миён оварданд, вале ба задани гол даст наёфтанд. Дар ҳайати тим набудани ҳамлагари калидӣ Роберт Левандовски баръало аён мешуд. Футболбозони шаҳри Париж аз аксулҳуҷумҳо кор гирифта, ба ҳамла мегузаштанд, аммо Нойер дар хати дарвоза устувор буд. Ҳамин тавр, вохӯрии дастаҳо бо натиҷаи 0:1 хотима ёфт, аммо бо натиҷаи ду дидор дастаи шаҳри Париж ба даври ниманиҳоии мусобиқа роҳ ёфт.
Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дастаҳо дар шаҳри “Мюнхен” бо натиҷаи 2:3 ба фоидаи шогирдони Почеттиниё ҷамъбаст гардида буд.
Рақобати дигар дар доираи бозиҳои ҷавобии даври чорякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо дастаҳои “Челси” ва “Порту” – ро бо ҳам овард. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи Рамон Санчес Писхуани Севиля доир гардида, дар ин дидор низ танҳо як гол ба нишон расонида шуд. Нимаи аввали бозӣ бидуни гол ба анҷом расид.
Дар қисми дуюми бозӣ дастаҳо зуд-зуд ба ҳуҷум мегузаштанд, аммо ба задани гол даст намеёфтанд. Танҳо дар дақиқаҳои охири рақобат ба футболбозони шаҳри Порту муяссар гардид, ки ба задани гол даст ёбанд. Муаллифи голи ягонаи бозӣ ҳуҷумкунандаи эронӣ Меҳди Тареми гардид. Вале новобаста аз пирӯзӣ дар ин дидор дастаи “Порту ” аз иштирок дар даври ниманиҳоӣ маҳрум гардид. Зеро дар бозии аввал дар ҳамин варзишгоҳ футболбозони португалӣ бо натиҷаи 0:2 мағлуб шуда буданд. Аз ин рӯ, бо ҷамбасти ду рақобат шогирдони Томас Тухел бо натиҷаи умумии ду бозӣ 2:1 пируз шуда, рақобатро барои ба даст овардани унвони қаҳрамони Аврупо идома хоҳанд дод.
Ҳамин тавр, дастаи “ПСЖ” бо ғолиби ҷуфти “Манчестер Сити” ва “Борусия Дортмунд” ва “Челси” бошад бо “Реал Мадрид” ё “Ливерпул” дар даври ниманиҳоӣ рақобат хоҳанд кард. Дидори дастаҳои “Манчестер Сити” бо “Боруссия” ва “Реал Мадрид” – у “Ливерпул” шоми имрӯз доир мегардад.
Мижгон РАҲМОНЗОДА,
“Садои Душанбе”