Пирӯзии ҳангомавии Истиқлол дар Лигаи Чемпионҳои Осиё

Тӯфони пирӯзии Истиқлол муқобили Ал-Ҳилоли Арабистони Саудӣ ҳарчанд ҳамоно Осиёро домангир кард, аммо боди навбатӣ ва пирӯзии ҳангомавӣ дар рақобати муҳим барои Истиқлол муқобили Шабоб Ал-Аҳлӣ арабҳоро қоид карду бас. Ин гуна пирӯзиҳоро натанҳо дастаи Истиқлол балки сабқатҳои муҳими Лигаи Чемпионҳои Осиё ёд надорад. Ҳарчанд мо гоҳ гоҳе бо ин гуна ранг гирифтани кор дар бозиҳои бисёр калидӣ ва ҳассоси Лигаи чемпионҳои Аврупо ру ба ру гардидаем. Аммо ғалабаи имшаба ва роҳи дастаи Истиқлолро ба марҳилаи плей офф ҳамвор сохатанаш бори дигар аз рушди футбол дар ин кишвари Осиёи Марказӣ дарак дод. Ҳангома худаш ба вуҷуд намеояд онро ба вуҷуд меоранд. Маҳз аз ҳамин усул кор гирифтани бозингарони дастаи Истиқлол боис бар он шуд, ки пирӯзиҳои ҳангомавӣ дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи фароқоравӣ ба вуҷуд ояд. 95-дақиқа дар майдон ба хотири пирӯзӣ мубориза бурдан мақсаду мароми шербачаҳои тоҷик буду ба он ноил гардиданд. Ба истилоҳ ин дидори ҳангомавӣ “Сад задани сӯзангар-як задани оҳангар”-ро мемонд. Чун бозингарони Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай ҳама маҳорати худро сарфи зарбаҳои ҷонкоҳ карданду талоши рахна кардани дарвозаи Истиқлол. Аммо андеша накарданд, ки инҷо Рустам Ятимови номдору пурэнервӣ ва нотакрор дарвозабонӣ мекарду дилхоҳ зарбаҳо ва ҳолатҳои сангинро ба нафъи хеш пушти сар мекард. Чун ӯ масъулият дошту ба гуфти шореҳи дидор Парвизи Маҳмадамин дар баробари дарвозабон буданаш, рафти бозиро хеле олӣ назорат мебурд. Бозингарони Истиқлол ҳарчанд барои пирӯзӣ вориди майдон шуда буданд, аммо меҳаросиданд, ки мабодо мо ягон иштибоҳ кунем ин қадар мухлисони дар дили шаб бедори тоҷикро ноумед намоем. Маҳз ҳамин нанг боис бар он гардид, ки дар баробари дар хати дифо нишастан талоши рахна кардани дарвозаи ҳарифро ба вуҷуд оваранд. 95-дақиқаи ҳангомавӣ наздик буд, аммо арабҳо низ дар дақиқаи охир танҳо ба хотири рахан кардани дарвозаи Рустам самти ҳамларо пеш гирифтанду фаромӯш карданд, ки дар пушташон дарвозаи худашон аст. Маҳз аз ҳамин ҳолат хуб суистифода кардани сармурабии дастаи Истиқлол Виталий Левченко ва ба майдон ворид кардани чанд футболбози маҳоратдоштаву пуриқтидор боис бар он гардид, ки  то 10-сония боқӣ мондан ба садои ҳуштаки довар як аксулҳамлаи шербачаҳои тоҷик кор доду арабҳоро лол карданд. Алишер Ҷалилов сарвони даста, ки масъулияти ин ғалабаро бар дӯш дошт дар дақиқаҳои иловагӣ аниқтараш 95-ум тавонист ба дидиори мазкур нуқта гузорад. Аҳсану Офарин ба Виталий Левченко, Алишер Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Ятимов, легионерҳои девор шуда Ларину Мишенко, Муҳаммадҷон Раҳимов, Рустам Соиров ва дигару дигар ҳангомасозони футболи тоҷик дар замини араб. Акнун шукӯҳи футболи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар хоҳад шуд ва мебояд аз ин гуна шоҳкорӣ ифтихор кард. Ғалабаи таърихии Истиқлол ба кулли ҳаводорони футболи тоҷик, ва Тоҷикистон муборак бошад.

Султонов Шодонҷон

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE