Анушервони Абдухолиқ: озмуни «Сайри гули лола” ба кӯчаву маҳал ва шаҳру ноҳияҳои мо ҳусни дигар зам намуд
Дар шаҳри Душанбе барои муайян намудани беҳтарин композитсия, дизайни ҷолиби гулзор ва сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ озмуни шаҳрии гулҳо – «Сайри гули лола» гузаронида шуда, он дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз – 2021 ҷамъбаст мегардад. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмуни мазкур аз рӯи чор номенатсия 88 000 (ҳаштоду ҳашт ҳазор) сомонӣ ҷудо менамояд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 25 январи соли 2021 ба имзо расид. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷиии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба радиои «Садои Душанбе» хабар доданд, барои ғолиби ҷойи якуми озмун «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10 000 сомонӣ, барои ғолиби ҷойи дуюм «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7 000 сомонӣ ва барои ғолиби ҷойи сеюм «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 000 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Тибқи қарори дахлдор, ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ барои муайян намудани ғолибони озмун дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкории пойтахт беҳтарин композитсия, дизайни ҷолиби мавзеи гулзор ва сифати корҳои иҷрошударо аз назар мегузаронанд. Гурӯҳи мазкур натиҷаҳои озмунро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 25 марти соли 2021 ҷамъбаст намуда, тибқи муқаррарот ба гурӯҳи кории ҷумҳуриявии озмун пешниҳод менамояд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш дода буданд, ки ҳамин гуна озмунро дар сатҳи ноҳия баргузор карда, онро то 18 марти соли 2021 ҷамъбаст намоянд. Оид ба ин мавзӯъ Анушервони Абдухолиқ, муовини сардори Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳали Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз сохторҳои давлатӣ, ки муваззафи гузаронидани ҳамин озмун дар кишвар аст, мегӯяд баргузории озмуни мазкур нишон дод, ки тоҷикон аз қадимулайём гулпарвар буда, ба зебоиву зебопарастӣ, ободиву созандагӣ таваҷҷуҳи хосса дошта, дар парвариш ва зебогардонии муҳити атроф собиқаи калон ва таҷрибаи бой доранд.
Дар пайи тадбирҳои андешида ва иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо дар тамоми қаламрави мамлакат корҳои ободонию гулпарварӣ вусъати тоза касб намуданд. Натиҷаи ҳамаи ин заҳматҳо имрӯз дар тамоми қаламрави мамлакат ба чашм намоён аст – лолаҳо ба кӯчаву маҳал ва шаҳру ноҳияҳои мо ҳусни дигар зам намудаанд, – илова намуд дар идомаи суҳбат Анушервони Абдухолиқ.
Мавриди зикр аст, ки моҳи марти соли 2019 рамзи Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо – «Сайри гули лола» барои солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардида буд. Рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар он гулҳои лола, парасту, хуршед ва рангҳои парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд.
Соли гузашта ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» дар пойтахт аз рӯи номинатсияҳои«Боғи беҳтарин» (Боғи ба номи Аҳмади Дониши ноҳияи Исмоили Сомонӣ), «Гулгашти беҳтарин» (Гулгашти назди Сирки давлатӣ ноҳияи Фирдавсӣ), «Кӯчаи беҳтарин» (кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур) ва «Гулпарвари беҳтарин» (Азиза Раҳматова) ҷои аввалро соҳиб гардиданд.
Ҷойи дуюм насиби «Боғи Устод Рӯдакӣ» – и ноҳияи Исмоили Сомонӣ («Боғи беҳтарин»), Гулгашти хиёбони Рӯдакӣ дар минтақаи ноҳияи Шоҳмансур («Гулгашти беҳтарин»), Хиёбони Исмоили Сомонӣ дар минтақаи ноҳияи Сино («Хиёбони беҳтарин») ва Қурбонбек Бобобеков («Гулпарвари беҳтарин») гардид.
«Боғи Куруши Кабир», МД «Наврӯзгоҳ» («Боғи беҳтарин»), Гулгашти хиёбони Рӯдакӣ дар минтақаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ («Гулгашти беҳтарин»), Хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ («Хиёбони беҳтарин») ва Ҳамзирамоҳ Сайдалиева ба гирифтани ҷойи сеюм ноил гардиданд.
Хотиррасон мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо – «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Имрӯз мардуми гулпарвари мо бо дастони мӯъҷизаофари худ тавонистаанд тамоми гӯшаву канори мамлакатро ба шаҳри гулҳо табдил диҳанд. Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо- Сайри гули лола имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо ҷашн нест. Лола рамзи баҳор ва ҳусну назокат аст, ки мардумро ба зебоиву зебоипарастӣ ҳидоят менамояд.
Нигинаи ДАВРОНЗОД,
“Садои Душанбе”