Бунёди варзишгоҳи марказӣ дар ноҳияи Шаҳринав

Сокинони ҷамоати деҳоти шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав бо пайравӣ аз иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ, ки соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон намуданд, ба раванди корҳои созандагӣ вусъати тоза бахшиданд.

Бунёди варзишгоҳи марказӣ, ки аз маҷмааи варзишӣ иборат мебошад, дар ҷамоати деҳоти шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав яке аз иншооти бузург дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба шумор меравад. Иншооти мазкур дар пайравӣ аз ҳидоятҳои Пешвои миллат дар самти оммавигардонии варзиш дар мамлакат бо саҳми соҳибкори муваффақ Умар Кремлёв бунёд мегардад.

Тоҷиддин Сатторзода

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE