Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба ҳунару маҳорати занони тоҷик озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ«Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Дар озмун занони деҳаҳои ҷамоат фаъолона иштирок намуда, маҳорати худро дар омода намудани таомҳои миллӣ, ороиши дастархон ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузоштанд. Ҳар иштирокчӣ бо эҷодкорӣ ва завқи баланд кӯшиш намуд, ки ба аъзои ҳакамон беҳтарин маҳсули дастранҷашро нишон диҳад.
Зимни натиҷагирии озмун мақоми аввалро кадбону аз деҳаи Қаратоғ Истадой Муҳаммадиева, ҷойи дуюмро Муҳаббат Меликова аз деҳаи Аҳорун ва мақоми сеюмро Парвина Сироҷиддинзода аз деҳаи Батош соҳиб гардиданд.
Мақсади асосии баргузории чунин озмунҳо аз баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва тақвияти мақоми зан дар ҷомеа иборат мебошад.
Дар анҷоми озмун ба фаъолон ва ғолибон Сипоснома, Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

