Криштиану Роналду- бозигари «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ

Аз рӯи маълумоти ВАО мӯҳлати шартномаи кории Роналду бо ҷониби арабӣ дуву ним солро ташкил дода, маоши кории варзишгар   75 миллион  доллар дар як сол хоҳад буд.

Худи Криштиану дар сафи тими наваш аз рӯзи  1-уми январ баромад мекунад.

Аз рӯи маълумоти CBS Sports маоши бозигари дастони португалӣ,  дар як мавсим 70 млн евро (ба иттилоъи Marca қариб 200 млн евро дар як сол)-ро ташкил медиҳад. Баъди анҷоми шартнома Роналду чун сафири варзишии Арабистони Саудӣ баромад мекунад. Дар баробари имзои шартнома бо Роналду бошгоҳи «Ал-Наср» ҳамчунин ду  бозигари номвари аврупоиро ба даста даъват карданист, ки яке аз онҳо Серхио Рамос мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE