Саводи иттилоотию расонаӣ – курси омӯзишӣ барои журналистон
Дар осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм»-и ноҳияи Варзоб барои устодони факултаву шўъбаҳои журналистии муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат курси омӯзишӣ доир ба мавзўи «Саводи иттилоотиву расонаӣ» идома дорад.
Дар ин курси омӯзишӣ устодони донишгоҳу донишкадаҳо аз вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ иштирок доранд.
Дар ҷараёни курси омӯзишӣ иштирокчиён муҳимтарин паҳлӯҳои саводи расонаӣ, аз қабили рушди тафаккури интиқодӣ, шинохти иттилооти созандаву сўзанда, роҳҳои табодули иттилоот, тарзи муайян намудани таҳрифи факт ва суду зиёни он, инчунин усулҳои муосири таълим додани он ба донишҷӯёнро аз бар хоҳанд кард.
Мавриди зикр аст, ки курси омӯзишӣ дар мавзўи «Саводи иттилоотию расонаӣ» то 28-уми ноябр идома меёбад.
Ба иштирокчиён профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷовид Муқим, дотсенти кафедраи матбуоти ҳамин донишгоҳ Қутбиддин Мухторӣ ва журналисти ботаҷриба Ҷамшед Маъруф машғулиятҳои омӯзишӣ мегузаронанд.
Бахтиёри Зоир
Садои Душанбе