Мастона Эргашева дар меҳмонии барномаи “Соҳибназар”

Ин субҳ Мастона Эргашева ҳунраманди мумтозу маъруфу шинохтаи кишвар, ки бо таронаҳои дилнишинашон дар қалбҳои мухлисон манзалати хешро доранд меҳмони барномаи мустақими  “Соҳибназар” гардиданд. Дар барнома роҷеъ ба Омода намудани кадрҳои ҷавонӣ соҳаи мусиқӣ ибрози назар намуда, ба саволҳои шунавандагон посух гуфтанд. Аҳли эҷоди “Садои Душанбе” дар ҷодаи фаъолият бурдборӣ ва дар зиндагӣ саломатии бардавморо орзумандем. Такрори барномаро метавонед, соати 21:15 дақиқа рӯйи мавҷи 102,2 fm гӯш кунед!

Мастона Эргашева – 26 октябри соли 1952 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омада аз хурдсолӣ ба таври худомӯзӣ бо овозхониву рубобнавозӣ машғул шудааст. Мулоқот бо шоираи ҷавон Санавбар Соҳибова соли 1967 дар мавсими пахтачинӣ, ки донишҷӯи техникуми омӯзгорӣ будааст, барои ташаккули ҳунарии хонум Мастона нақши муҳим бозидааст: аввалин оҳанги эҷодкардаи Мастона ба шеъри Санавбар Соҳибова “Агар ёри ситамгорӣ” аз ҷониби адибони давр баҳои баланд гирифт. Мастона Эргашева ба ҳайси сарояндаи ансамбли суруду хореографии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев ва ансамбли “Шашмақом”-и Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳунарнамои кардааст. Ҳоло дар вазифаи омӯзгори Консерватрияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолияти хешро бурда истодааст.

Манбаъ: Википедия

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE