316 нафар мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон дар хориҷа таҷриба омўхтанд
Соли 2022 316 нафар мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон курсҳои бозомӯзиро дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар гузаштанд, ки ин шумора нисбат ба соли 2021 3 маротиба зиёд мебошад.
Соли гузашта дар муассисаҳои илмию таълимии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад 13 232 нафар кормандони соҳаи тандурустии мамлакат ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли 2021 10,7% зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи муносиботи мутақобилан судманд ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои тандурустии як қатор давлатҳои ҷаҳон ҳамкориро тавсеа бахшида, таҷрибаомўзии кормандони соҳаро дар муассисаҳои таълимиву тиббии хориҷи кишвар ба роҳ мондааст.