Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Анҷумани мураббиёни дараҷаи «А»-и КФО шомил шуд
Тоҷикистон ба Анҷумани мураббиёни дараҷаи «А»-и Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) шомил шуд. Ин дастовард натиҷаи кори фаъолонаи департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба тайёр кардани мураббиёну дастурдиҳандаҳо мебошад.
Федератсия бо шомил шудан ба ин анҷуман ҳамакнун ҳуқуқ дорад, ки мустақилона бидуни ҷалби устодони хориҷӣ дар кишвар барои довталабони иҷозатномаи мураббигии дараҷаи «А» бурсҳои омӯзишӣ гузаронад. Инчунин мураббиёни Тоҷикистон метавонанд аз рӯйи дипломҳои инҷо гирифтаашон дар кишварҳое, ки анҷумани КФО-ро қабул кардаанд, кор кунанд.
«Мо ба департаменти техникӣ ва шуъбаи таълими мураббигариии Конфедератсияи футболи Осиё барои кӯмаку дастгирии доимӣ дар рушди футболи Тоҷикистон изҳори сипос мекунем. Федератсияи мо ба рушди таълими мураббигӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад ва тасдиқшавии анҷумани мураббигии мо дар сатҳи «А» бидуни дастгирии КФО имконнопазир мешуд», – гуфт Фурқат Аҳмедҷонов, дабири кулли ФФТ.
Қобили зикр аст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон нақша дорад, то соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барои довталабони иҷозатномаи «Pro» бурсҳои мураббигӣ роҳандозӣ намояд.