Рамзи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия таҳия мегардад

 12 январ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба воситаҳои ахбори оммаи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат баргузор гардид. Дар ҷаласа таҳияи рамзи Шӯро, истифодаи роҳу усулҳои муосири хабаррасонӣ тавассути сомонаи расмии ягона, шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма ва дигар масъалаҳои ба он дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора аз Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар доданд.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин фаъолияти гурўҳи корӣ дар соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, нақшаи он барои семоҳаи аввали соли 2023 қабул гардид. Дар ҷаласа котиби Шӯро, аъзои котибот, роҳбарони гурўҳҳои корӣ, гурўҳи кор бо воситаҳои ахбори омма ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ (фосилавӣ) иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки дар фаъолияти Шўро дар соли 2023 ба масъалаҳои тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати тарғиби таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷик ва арҷ гузоштан ба он, таҳкими Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ афзалият дода мешавад. Дар роҳандозии ин тасмимҳо гурўҳи корӣ оид ба воситаҳои ахбори оммаи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат нақши муҳим мебозад.

Зикр гардид, ки тоҷикони муқими Россия, донишҷўёне, ки дар ин кишвар таҳсил менамоянд ва муҳоҷирони меҳнатиӣ бояд бо рафтору фаъолияти намунавӣ нуфузи Тоҷикистонро боло бардоранд ва намояндаи миллати қадимӣ будани худро собит созанд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷамъиятӣ соли 2015 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардид. Шўрои мазкур ба мақоме мубаддал гаштааст, ки ҳамоҳангӣ ва ягонагии тамоми ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониён дар қаламрави Федератсияи Россияро фароҳам меорад.

Дар ҷаласаҳои ин Шўро ҳайати кормандони Сафорат, роҳбарони консулгариҳои генералӣ ва консулҳои фахрӣ дар манотиқи Россия, масъулини намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикистониён аз аксарияти манотиқи кишвари иқомат, намояндагони барҷастаи илму ҳунар ва зиёиёни шаҳру вилояти Москва ҷамъ меоянд.

Сафири вақтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов зимни таъсиси Шўрои мазкур изҳор дошта буд, ки «бо дарназардошти вазъи дар минтақа ва ҷаҳон ба амаломада, мо бояд дар ҳалли масоили муҳоҷират ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳо муҳоҷирони меҳнатиямон аз пештара бештар кӯшишу талош намоем. Дар ин ҷода бояд дар баробари намояндагиҳои расмии Тоҷикистон аз потенсиали созмонҳои ҷамъиятӣ низ самаранок истифода бурда шавад».
Зикр шуд, ки рисолати асосии ҳамватаноне, ки дар ин кишвар ба фаъолияти ҷамъиятӣ машғул мешаванд, бояд пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи фарҳанги волои миллат, баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон бошад.

АКС: Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE