Доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид

Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 17 май зимни семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон дар ноҳияи Данғара баён доштанд, ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, зимни ҷаласа роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ дар сатҳи вилоят ва ноҳия вазифадор гардиданд, ки барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои саривақтӣ  андешанд.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои боло бурдани самаранокии истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи маданияти истифодаи замину об ва корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иброз шуд, ки барои кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ бояд аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода карда шавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE