Дар Форуми 16-уми байналмилалии иқтисодӣ таҷрибаи Тоҷикистон дар рушди устувори шаҳрҳо муаррифӣ карда шуд
15-16 май дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия Форуми 16-уми байналмилалии иқтисодӣ «Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum-2025» баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода иштирок намуда, оид ба дурнамо ва таҷрибаи Тоҷикистон дар рушди устувори шаҳрҳо сухан гуфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмон хабар доданд.
Дар доираи форум Низом Мирзозода дар мавзуи «Таҷрибаи байналмилалии рушди ҳудуд: давлат, тиҷорат ва сармоя» баромад карда, дурнамо ва таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушди устувори шаҳрҳо, рақамисозии соҳаи сохтмон ва амалӣ намудани стандартҳои «сабз» муаррифӣ намуд.
Низом Мирзозода зимни вохӯриҳо масъалаҳои ҳамкории амалии дуҷониба барои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар бахши шаҳрсозӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, мубодилаи таҷриба дар соҳаи BIM, рақамикунонии соҳа, таҳкими ҳамкорӣ дар самти омода кардани мутахассисони соҳаи меъморӣ, муҳандисӣ ва сохтмониро баён намуд.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон