МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-20) ҶИҲАТИ БАРГУЗОРИИ ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИВУ ТАМРИНӢ БА ТУРКИЯ САФАР КАРДАНД
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 барои анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба Туркия рафт.
Ба ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ сармураббии тими ҷавонони Тоҷикистон мутахассиси белорусӣ Олег Кубарев 26 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро ҷалб сохтааст. Нимҳимоятгари дастаи «Атирау»-и Қазоқистон Хусрав Тоиров ва бозигари тими «Краснодар-2» Алиҷони Айнӣ дар ҳайати бошгоҳҳои худ дар Анталия қарор доранд ва дар бозиҳои санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ширкат мекунанд. Дар Анталия дастаи мо ҳафт вохӯрии санҷишӣ мегузаронад. Маълумот дар бораи рақибон баъдтар нашр мешавад.
Бояд гуфт, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 1 то 18 март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё тими ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) бозӣ мекунад.
Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 дар Индонезия мегардад.
Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:
Дарвозабонҳо: Суҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»), Сафармад Ғаффоров («Хатлон»), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо»);
Ҳимоятгарон: Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов («Хатлон»), Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Содиқҷон Қурбонов, Шаҳриёри Иноятулло (ҳама аз «Динамо»), Диёрбек Марауфов («Равшан», Зафаробод), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»), Меҳрубон Каримов (бе даста);
Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Паракуэллос Антамира», Испания), Кабир Салимшоев («Динамо-Авто», Молдова), Салоҳиддин Иргашев («Металлург», Ӯзбекистон), Азизбек Ҳаитов («Хуҷанд»), Фатҳулло Олимзода, Бежан Нишонбойзода, Абдулло Шарипов (ҳама аз «Динамо»), Ҳамзаҷон Аҳтамов («Истаравшан»), Салам Ашурмамадов (бе бошгоҳ);
Ҳамлагарон: Далер Шарифов («Металлург», Ӯзбекистон), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Равшан», Кӯлоб), Фаридун Давлатов («Регар-ТадАЗ»), Сунатулло Азизов («Хатлон»), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (бе бошгоҳ).
Сармураббӣ – Олег Кубарев (Беларус).