Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Озарбойҷон

24 январи соли 2023 дар шаҳри Тошканд дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов баргузор гардид. Дар ин бора аз вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишвар ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт, фарҳанг ва ғайра мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо роҷеъ ба чорабиниҳои бахшида ба истиқрори 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE