Шикасти қаҳрамони кунунии Италия дар Силсилаи А

         Дар доираи дидорҳои даври 19-уми мусобиқаи қаҳрамонии Италия оид ба футбол шоми гузашта дастаи Латсио тими Миланро ба шикаст ру ба ру кард. Милан ҳамакнун дар пойгаи қаҳрамонӣ аз тими Наполӣ 12 имтиёз кам дошта, мақоми дуюмро ишғол кардааст. Наполи бошад дар ин даври Силсилаи А бар дастаи Салернитана пируз шуда, мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқа мустаҳкамтар намуд.

         Дар даври навбатии мусобиқаи қаҳрамонии Италия оид ба футбол дастаи Латсио дар майдони худ тими Миланро пазироӣ намуд. Милан, ки имсол низ талош дорад барои унвони қаҳрамонӣ даст ёбад, дар ин давр натавонист имтиёзҳои заруриро касб намояд ва дар ин рақобат ба шикасти бузург ру ба ру гашт. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи Стадио Олимпико доир гашта бо натиҷаи 4:0 бар нафъи тими мизбон ҷамбаст гардид. Милинкович Савич, Дзаканни, Луис Алберто ва Фелипе Андерсон муалифи голҳои тими Латсио шуда, дар пирузии дастаашон саҳми асосӣ гузоштанд. Милан ҳамакнун бо камбуди 12 имтиёз аз садрнишини ҷадвал дар мақоми дуюм мавқеъ касб кардааст. Латсио бошад шумораи имтиёзҳояшро ба 37 адад баробар карда, зинаи сеюми ҷадвалро ишғол намудааст.

         Аз ин пештар дар доираи даври 19-уми Силсилаи А дастаи Наполи дар сафар бо тими Салернитана дидор анҷом дода, онро бо ворид кардани ду голи беҷавоб мағлуб намуд. Голҳои дастаи Наполиро Ди Лорентсо ва Осимхен ба нишон расониданд. Наполи ҳамакнун бо касби 50 имтиёз дар садри ҷадвал мавқеъ гирифта, устуворона пеш меравад. Салернитана дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми 16-ум мавқеъ гирифтааст.

         Дар ин даври рақобатҳои мусобиқаи қаҳрамонии Италия оид ба футбол дастаҳои Эмполи бар Интер, Верона бар Лечче, Торино бар Фиорентина, Удинезе бар Сампдория ва Рома бар Спетсия пируз омаданд. Дидори дастаҳои Болонияву Кремонезе, Ювентусу Аталанта ва Монтсаву Сасуоло бо натиҷаи мусовӣ ҷамбаст шуданд.

    Мижгонаи Насриддин

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE