ПАГОҲ ДАР ҲИСОР МАРҲИЛАИ МУҚАДДАМОТИИ ҶОМИ ФФТ-2023 ДАР МИНТАҚАИ ДУШАНБЕ ОҒОЗ МЕШАВАД

26 январ дар шаҳри Ҳисор марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2023 оғоз мешавад.

Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсия-2023 дар минтақаи Душанбе ҳашт даста ширкат мекунад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ», «Куктош» ва «Равшан»-и Кӯлоб шомил аст. Дар гурӯҳи «В» дастаҳои КМВА, «Шодмон», «Душанбе» ва «Барқчӣ» бозӣ мекунанд.

Ҳамаи бозиҳои марҳилаи муқаддамотии минтақаи Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.

Пас аз ҷамъбасти даври гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду даста ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2023, ки моҳи феврал баргузор мешавад, роҳ меёбад.

Аз вилоятҳои Суғду Хатлон ду дастаӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми федератсия-2023 роҳхат мегиранд.

Бояд гуфт, ки имсол фонди умумии ҷоизаҳои Ҷоми ФФТ 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиб ба ҷуз аз ҷом 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегирад. Барандаи медалҳои нуқра бо 30 000 сомонӣ ва медалҳои биринҷӣ бо 20 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Ҷоми ФФТ-2023

Марҳилаи муқаддамотӣ. Минтақаи Душанбе

Гурӯҳи «А»: «Равшан», «Регар-ТадАЗ», «Истиқлол», «Куктош».

Гурӯҳи «Б»: КМВА, «Шодмон», «Душанбе», «Барқчӣ».

Даври 1

Гурӯҳи «А»

26 январ (панҷшанбе)

11:00 – «Равшан – «Куктош»

14:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

Гурӯҳи «Б»

27 январ (ҷумъа)

11:00 – КМВА – «Барқчӣ»

14:30 – «Шодмон» – «Душанбе»

Даври 2

Гурӯҳи «А»

29 январ (якшанбе)

11:00 – КМВА– «Барқчӣ»

14:30 – «Шодмон» – «Душанбе»

Гурӯҳи «Б»

30 январ (душанбе)

11:00 – «Барқчӣ» – «Душанбе»

14:30 – КМВА – «Шодмон»

Даври 3

Гурӯҳи «А»

1 феврал (чоршанбе)

11:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Куктош»

14:30 – «Истиқлол» – «Равшан»

Гурӯҳи «Б»

2 феврал (панҷшанбе)

11:00 – «Шодмон» – «Барқчӣ»

14:30 – «Душанбе» – КМВА

Эзоҳ: Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE