Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Чин ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Имрӯз, 26 январ дар шаҳри Душанбе мулоқоти кории роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ҳайати Ассотсиатсияи футболи Чин (CFA) баргузор гардид. Дар ин бора дар Федератсия футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон ноиби Президенти Федератсияи футболи мамлакат Алишер Урунов, дабири кулли ФФТ Фурқат Ахмедҷонов ва сардори раёсати байналмилалии ФФТ Давлатманд Исломов, аз ҷониби Чин муовини Дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Чин Си Хе, сардори департаменти мусобиқаҳои АФЧ Сонг Хуан ва корманди департаменти миллии рушди футболи АФЧ Ючен Юе ширкат карданд.
Ҷонибҳо дурнамои ҳамкории минбаъдаи федератсияҳои футбол, баргузории бозиҳои байналмилалии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби гуногуни мардонаю занона, ҷавонон ва футзали ҳарду кишварро муфассал баррасӣ намуданд. Ҳамчунин таҳияи барномаҳои муштараки таълими мураббигӣ, таблиғи футболи занону наврасон, ҳамкорӣ дар бахшҳои маркетинг, тиб, доварӣ ва дигар бахшҳои футбол ба нақша гирифта шуд.
Алишер Урунов таъкди намуд, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Чин дар ҳама самтҳо ҳамкории зичро идома хоҳанд дод.
Муовини Дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Чин Си Хе гуфт, ки «мо ба сатҳи ҳамкории худ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон баҳои баланд медиҳем. Дастаҳои мунтахаби ду мамлакат дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун бо ҳам вомехӯранд».
Си Хе дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистонро барои баромадан ба Ҷоми Осиё-2023 табрик гуфта, ба варзишгарон дар қисмати ниҳоии мусобиқот барору комёбӣ таманно намуд.
Акс: ФФТ