«Истиқлол» боз бо саудиҳо рақобат мекунад

25 апрел дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе сабқати навбатиашро боз ба муқобили дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ доир мекунад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

21-22 апрел бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021  байни дастаҳои  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо  «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ  баргузор гардида буданд. Вохӯрии  ин дастаҳо дар варзишгоҳи «МРСООЛ Парк»- и шаҳри Риёз сурат гирифта, бо ҳисоби  3:1 бар суди мизбонон ба анҷом расид. Дар қисми аввали бозӣ футболбозони дастаи  «Ал-Ҳилол» афзалиятро ба даст гирифта, дар дақиқаи 39-ум бо голи задаи дифоъгар Алӣ Ал- Булайхӣ пешгом шуданд. Аммо ин шодии онҳо дер давом накард, зеро бо гузаштани 2 дақиқа аз тӯби партофтаи Манучеҳр Ҷалилов истифода бурда, дифоъгари 20- солаи дастаи футболи «Истиқлол» Ваҳдат Ҳаннонов таносуби бозиро баробар кард ва бо ҳамин натиҷа дастаҳо ба танаффус баромаданд. Қисми дуюми бозӣ барои шогирдони мутахассиси бразилӣ — Рогерио бобарор оғоз шуд. Дар дақиқаи 52- юми бозӣ ниммуҳофизатгари даста Ҳаттан Баҳебрӣ хати дарвозаи Рустам Ятимовро рахна кард. Бо сипарӣ шудани 12 дақиқаи дигар Ҳаттан Баҳебрӣ голи дуюмашро ба дарвозаи Рустам Ятимов ба нишон расонида, натиҷаро 3:1 ба фоидаи дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ  кард. Ҳарчанд футболбозони дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе кӯшиши зиёд карданд, ки ба задани гол даст ёбанд, вале натавонистанд.

Дастаи  футболи  «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ду пирӯзӣ ва як мусовӣ дар ҷадвали гурӯҳи А бо касби 7 имтиёз садрнишин мебошад. Дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо як мусовӣ, як пирӯзӣ ва як бохт бо доштани 4 имтиёз дар зинаи 2- юми ҷадвал ҷой гирифт.

Лигаи  чемпионҳои Осиё (даври 3-юм)

«Ал-Ҳилол» -«Истиқлол» 3:1 (1:1)

Голҳо: Булайҳӣ ’39, Ҳаннонов ’41, Баҳебрӣ ’52,’64

Аз ин  пеш дастаи   футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе  дар бозии  дуюмаш бар дастаи АГМК-и Ӯзбекистон бо ҳисоби  3:2 ғалаба карда, пирӯзии аввалин ва таърихиашро дар Лигаи чемпионҳои Осиё ҷашн гирифт. Голҳоро аз  ҳайати  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов  ба ҳадаф расониданд. Як голи дигарро легионери сербиягии дастаи АГМК Йован Ҷокич ба дарвозаи дастааш зад.

Қаблан дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 дастаи футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе бо дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»  бо ҳисоби мусовии  0:0  бозӣ карда буд. Дар бозии дигари даври дуюми гурӯҳи «А» дастаи футболи  «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бар дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

Гурӯҳи «А». 2-юм давр

АГМК (Ӯзбекистон) – «Истиқлол»-и Тоҷикистон – 2:3
Голҳо: Йован Ҷокич, 45+1 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 54 (0:2). Зафар Полвонов, 57 (1:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (1:3). Зафар Полвонов, 90+1 (2:3).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ханонов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Аҳтам Назаров, 90+3), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозингар: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

18 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Фаҳд.

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:2
Лигаи чемпионҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:0

«Истиқлол»: Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммаҳон Раҳимов (Ваҳдат Ҳанонов, 84), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доган, Манучеҳр Ҳалилов (Рустам Соиров, 64).

«Ал-Ҳилол» (А. Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон) – 2:2

 

 ДАСТАҲО  Б  Ғ  М  Б  Т-Т  Х
 1  «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) 3 2  1  0  7-3  7
 2  «Истиқлол» (Тоҷикистон)  3  1  1  1  4-5  4
 3  АГМК (Ӯзбекистон)  2  0  1  1  4-5  1
 4 «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА)  2  0  1  1  0-2  1

                                                                                                

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE