«Истиқлол» бо чемпиони секаратаи Лигаи чемпионҳо рақобат мекунад

Имрӯз чемпиони даҳкаратаи Тоҷикистон – дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё – 2021 бо дастаи футболи «Ал – Ҳилол» – и Арабистони Саудӣ, ки соли 2019 ғолиби Лигаи чемпионҳои Осиё гардида буд, вориди рақобат мешавад.

Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва  «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ талош мекунанд, ки дар садри ҷадвали гурӯҳи «А»  мавқеи худро устувор намоянд.

Ҳарду даста айни ҳол чоримтиёзӣ дошта, дастаи «Ал-Ҳилол» бо сабаби беҳтар будани таносуби тӯбҳо дар зинаи якум қарор дорад. Ин ғалаба метавонад ин ду дастаро ба даври плей-офф наздиктар кунад. сабқати мазкур имшаб, соати 23:55 бо вақти Душанбе тариқи шабакаи ТВ «Варзиш» манзури тамошобинон мешавад.

Ҷаҳонноро ШОҚУРБОНОВА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE